- восита
- [واسطه]а1. он ки дар байни ду кас барои ҳалли матлабе миёнҷигӣ мекунад, миёнарав, миёнҷӣ2. васила, роҳ, чора; сабаб, боис; воситаҳои истеҳсолот иқт. маҷмӯи ашё аз қабили асбобу олот, замину биноҳо, ки одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ истифода мебаранд; воситаи нақлиёт чизе, ки ба он савор шуда ба ҷое мераванд ва ё чизеро бор карда ба ҷое мебаранд ё аз ҷое меоранд, василаи ҳамлу нақл; ба воситаи… а) бо миёнаравии…; бо ёрдами…, бо мадади…; б) аз чизе истифода бурда, чизеро ба кор бурда, ба василаи…, тавассути…; в) бо дахолати… (мас., ба воситаи суд гирифтани товони чизе); г) аз васати…, аз байни…; ба ин восита ба ин тариқ, бо ин роҳ, ба ин васила; ба ҳар восита бо ҳар роҳ; ба василаҳои гуногун; воситаю васоит ҳар гуна воситаҳо, василаҳои гуногун; восита будан дар васат воқеъ гардидан, дар миёна будан; восита кардан миёнарав кардан; восита шудан миёнаравӣ кардан, дар байни ду кас барои ҳалли матлабе миёнҷигӣ кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.